Ҷоми Иттиҳод-2014: Футболбозони тоҷик дар Анталия тайёрӣ мебинанд
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21) феҳрасти бозигаронеро, ки ба тамринҳо барои омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод-2014 даъват мешаванд, муайян кардааст.
Ба даври аввали омодагӣ, ки 12 декабр дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мегардад, 28 футболбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон, 11 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват мешаванд. Аммо Маҳмадҷон Ҳабибуллоев гуфта, ки эҳтимол дорад ин рӯйхат тағир ёбад.
Даври дуюми омодагиҳоро мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 2 январ оғоз мекунад. Марҳилаи ниҳойии тайёрӣ ба Ҷоми Иттиҳод қарор аст дар Анталияи Туркия ҷараён бигирад. Дар дархости ниҳойии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки аз 24 январ то 2 феврал дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, бояд исми 20 бозигар навишта шавад.
Тоҷикистон дар гуруҳи “А” бо Эстония, Украина ва Қирғизистон вориди рақобат мешавад. Дар дидори аввал футболбозони ҷавони тоҷик 24 январ бо тими Эстония, 25 январ бо Қирғизистон ва 27 январ бо Украина рақобат хоҳанд кард.
Ҳайати васеи тими миллии ҷавонони Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Муминҷон Гадойбоев (“Хуҷанд”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Баҳодур Шамсов (“Равшан”);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарипов, Саид Исмоилов, Фирдавс Тусматов (аз “Регар-ТадАЗ”), Саидхони Амрохон (“Равшан”), Бахтиёр Азимов (“Энергетик”), Фирдавс Хоҷиев, Дилшод Каримов (“Хуҷанд”), Музаффар Назаров, Сайдамири Саидаҳмад, Хуршед Бекназаров (“Вахш”), Фирдавс Гадоев (“Истиқлол”);
Нимҳимоятгарон: Ҷахонгир Алиев (“Хуҷанд”), Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (“Энергетик”), Ҳусниддин Ашуров (“Спитамен”), Ҷаҳонгир Эргашев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (“Регар-ТадАЗ”), Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов (“Регар-ТадАЗ”), Наврӯз Рустамов (“Вахш”), Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”), Толибҷон Султонов (“Истиқлол”).