Духтараки гумшудаи тоҷик дар Маскав ёфт шуд
Умеда Маҳмудоваи 16-сола, ки 27-уми ноябр, дар метрои шаҳри Маскав миёни анбуҳи одамон аз падараш Маҳмудов Расул ҷудо гардида, гум шудааст, ахиран бо мусоидати муҳоҷирони қирғизу тоҷик пайдо шудааст.
Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба намояндагии ин ниҳод дар Маскав муҳоҷирзани тоҷик, Салимова Дилоро истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ муроҷиат карда, арз доштааст, муҳоҷирони қирғиз аз Хадамоти коммуналии ноҳияи Останкинои шаҳри Маскав дар кӯча духтараки ноболиғи тоҷикро пайдо кардаанд, ки муваққатан дар хонаи ӯ ҷой гирифтааст.
Хадамот мегӯяд, дар пайи як қатор чорабиниҳо наздикони духтари ноболиғ, ки истиқоматкунандагони шаҳри Конибодом будаанд, пайдо шуда, Умеда ба онҳо супорида шуд.