Таъхири сухани ниҳоии Зайд ва интиқод аз луқмапартоиҳо (ВИДЕО)
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт ба сар мебарад, рӯзи 10 декабр аз додрас хостааст, сухани охирини ӯ то 11 декабр ба таъхир гузошта шавад. Дар ин бора ба хабарнигорон Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, хабар дод.
Оқои Қудратов гуфт, Зайд Саидов дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштааст, бояд тамоми далелҳое, ки дар мурофиа пешниҳод шуданд, бори дигар омӯхта барояд. «Дар мурофиаи имрӯза Исҳоқ Табаров баромади ниҳоӣ кард ва аз додгоҳ хост, зерҳимояаамон пурра сафед шавад»,-афзуд Қудратов.
Инчунин, ин вакили мудофеъ аз баъзе луқмапартоиҳо дар мурофиаи рӯзи 10 декабр интиқод кард. Дар назар аст, 11 декабр Далер Бобоев низ сухани охиринашро баён кунад. Бобоев қаблан зимни тафтишот ва дар мурофиаи додгоҳ шоҳидӣ дод, ки гӯиё Зайд Саидов аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ барои коркарди маодин дар кони Ҷоре пора гирифтааст. Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба худи Бобоев низ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов, ду вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи душанбеи 9-уми декабр дар додгоҳ баромади ниҳоӣ карда, бар хилофи намояндаи додситонӣ хостори қатъи парванда ва озод гардидани нафари таҳти ҳимояташон шудаанд. Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 5 декабр аз додгоҳ хоста буд, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, баъд аз сухани ниҳоии ӯ ва ҳукми додрас ба анҷом бирасад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)