Файзиннисо Воҳидова: "Иттилои Вазорати дохила дурӯғ аст"
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ, иттилои Вазорати умури дохилиро дар бораи барканории маъмурони пулис дар пайи аз ошёнаи 3-юм ба замин партофтани Умедҷон Тоҷиев, як сокини ноҳияи Исфара, дурӯғ номид.
Воҳидова гуфт, ба иттилои ВКД гӯиё 5 корманди пулиси шаҳри Исфара дар пайи аз ошёнаи 3-юм худро партофтани Умедҷон Тоҷиев аз кор озод шудаанд, ки асоси воқеӣ надорад. Ӯ афзуд, ки айни ҳол ҳамаи кормандони шуъбаи умури дохилии Исфара дар ҷойҳои худ кор карда истодаанд ва санҷише ҳам дар ин самт пеш нарафта истодааст.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Зуҳур Иброҳимов, ки ҳамроҳ бо Тоҷиев дар узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон муттаҳам мешавад, афзуд, ки ахиран бо Тоҷиев низ суҳбате доштааст: “Се соате, ки дирӯз, 9-уми декабр, бо онҳо будам Умед Тоҷиев мегиристу, мегуфт гунаҳгор нестам, маро лату куб карданд. Лекин бо вуҷуди ин ҳама азобу шиканҷа ӯ ягон нишондоди иқрорӣ надодааст.” Умедҷон Тоҷиев, узви ҲНИТ, моҳи гузашта аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуҷанд интиқол ёфт. Ӯ 30 октябр аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ айбдор гардид.
Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад. Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин қазия хабар дод. Масъулон ин ниҳод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тоҷиев худро аз тирезаи Шӯъбаи корҳои дохилӣ ба зер афканда ва маҷруҳ кунад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)