Сафир дар бораи бозгашти русҳо ба марз ва пойгоҳи 201
Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки айни ҳол барои иштирок дар иҷлоси сафирони рус дар Тошканд қарор дорад, вазъияти Афғонистон баъд аз 2014-ро бисёр нигаронкунанда хондааст.
Ин дипломати рус дар як суҳбати ихтисосӣ бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, агар чанд моҳи пеш вазъияти Афғонистон баъд аз соли 2014 каме муътадил ва таҳдиде барои Тоҷикистон пешбинӣ намешуд, вале ҳоло пешгӯиҳо тамоман манфӣ арзёбӣ мешаванд.
Ба қавли сафири Русия дар Тоҷикистон, эҳтимоли боқӣ мондани ҳукумати феълии Афғонистон бо ҳимояти Амрико ва НАТО дар Кобул ва бархе аз вилоятҳои ин кишвар вуҷуд дорад: “Вале инҷо пешбинии ҷанги шаҳрвандӣ дар ин кишвар низ ҳаст, ки ба амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд.”
Фролов дар дар мавриди хабарҳо оид ба бозгашти низомиёни рус ба сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтааст, ин масъала ҳанӯз дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ нашудааст. “Чун ҳоло марзбонони Тоҷикистон, ки шумораашон ба ҳудуди 16 ҳазор мерасад, хуб омода ва муҷаҳҳаз мебошанд. Аксари ин афсарони тоҷик таҳсилдидаи омузишгоҳҳои махсуси Русия мебошанд.”- афзудааст Флоров/
Дипломати рус мегӯяд, тибқи шартномаи ба имзо расида миёни мақомоти Маскаву Душанбе оид ба будубоши пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон, аз ин пойгоҳ дар сурати ҳаргуна таҳдиде ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои дигари узви СПАД истифода хоҳад шуд. Албатта дар ин бора низ мувофиқати раҳбарияти Тоҷикистон низ пураҳамият аст ва бояд гуфт, ки дар сурати бад шудани вазъият дар Афғонистон аҳамияти пойгоҳи низомии 201боло хоҳад рафт.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)