Парвандаи райиси ширкати «Мовароуннаҳр» дар Додгоҳи Олӣ
Баррасии парвандаи Ҷӯрабек Охунов, райиси ширкати «Мовароуннаҳр» дар додгоҳи Олии Тоҷикистон оғоз гардид.
Додситони кулли Тоҷикистон, ӯро бо иттиҳоми қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб ба миқдори махсусан калон муттаҳам карда буд. Аммо дар оғози муҳокимаи қазияи Охунов аллакай эълон шуда, ки ӯ ҳамчунин ба фаъолияти ғайриқонунии соҳибкорӣ низ муҷрим аст. Вакили мудофеъи райиси ширкати «Мовароуннаҳр» Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, ин иттиҳом ду сол қабл аз ин эълон гардида, баъдан бекор шуда буд. Дар ҳамин ҳол айбдоркунандаи давлатӣ гуфтааст, ки дар сурати дайн шудани гуноҳи Охунов ӯро 15-соли зиндон интизор аст, аммо ба қавли ҳуқуқшиносон ҳатто агар додгоҳ дар қиболи Охунов ҳукм эълон кунад ҳам, бар тибқи қонун «Дар бораи авф» номбурда ба озодӣ мебарояд.
Маврид ба ёдоварист, ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин корхонаи хусусии сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат дар айни замон аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Тибқи иттилои оморӣ ширкати мазкур барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳҳомон аст. Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи Ҷӯрабек Охунов мегӯяд, 30 миллион сомонии дигар аз ин сармоя пули раиси ширкат будааст, ки барои сохтмони манзилҳо масраф шудааст. {jathumbnail off}