Омор: Чаро садамаю маргумир дар Тоҷикистон зиёд шудааст?
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои автомобилгарди кишвар 1330 ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ сабт шудаанд, ки дар натиҷа 436 нафар ба ҳалокат расида, 1434 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Ин ниҳод мегӯяд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи садамаҳо 74 адад ё 5,9%, ҳалокшудагон 29 нафар - 7,1% ва маҷрӯҳшудагон 49 нафар ё 3,5% зиёд шудааст.
БДА таҳлил кардааст, ки зиёда аз 40% садамаҳои нақлиётӣ бинобар баланд намудани суръати муқарраршудаи ҳаракат, 17,0% баромадан ба самти муқобили ҳаракат, 11,7% вайрон кардани қоидаҳои ҷойивазкунӣ, 3,4% риоя накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо ва 3,6% дар пайи идора намудани нақлиёт дар ҳолати мастӣ содир шудаанд.
Ин ниҳод таъкид мекунад, ки танҳо 5 омили зикршуда, дар 11 моҳи соли равон боиси рух додани 924 садамаи нақлиётӣ гардидаанд, ки дар натиҷа 316 нафар ба ҳалокат расида, 1041 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
БДА дар қатори чораҳо алайҳи ин раванд насби дурбинҳои назоратиро дар пойтахти Тоҷикистон зикр мекунад, ки тибқи нақша 70 чорроҳа ва мавзеъҳои Боғи ба номи устод Рӯдакӣ, Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ, майдони «Дӯстӣ» ва фурӯдгоҳи шаҳри Душанберо таҳти назорати доимӣ мегиранд: “Дар марҳилаи якуми лоиҳаи мазкур дар 20 чорроҳа аллакай камераҳо насб шуда, аз 1 ноябри соли ҷорӣ он ба фаъолият шурӯъ намудаанд.”