Аксу видео: Эътирози тарафдорони Раҳмон алайҳи Зоиров
Ҳудуди 20 тан, аксаран занону ҷавонон, рӯзи даҳуми декабр ба қароргоҳи Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки дар он ҷо Раҳматилло Зоиров нишасти хабарӣ дошт, ба нишони эътироз ҷамъ омада, аз хабарнигорон хостанд, ба ҳарфҳои ӯ гӯш надиҳанд. Зоиров дар ин нишасти хабарӣ бештар дар бораи сафараш ба Украина, ки бо ҳадафи анҷоми як таҳқиқот ва ба ҳайси олими ҳуқуқ сурат гирифтааст, суҳбат мекард.
Як гурӯҳи тазоҳургарон, ки вориди қароргоҳи ҲСДТ шуда буданд, гуфтанд, Зоиров яке аз ташкилкунандагони ноамниҳо дар тобистони соли гузашта дар Хоруғ, маркази Бадахшон, буд. “Ӯро гӯш накунед. Зоиров кист, ки рафта дар Украина ва Қирғизистон эълон медорад, интихобот дар Тоҷикистон ғайридемократӣ баргузор шудааст ва Эмомалӣ Раҳмон президенти қонунӣ нест? Ба гапҳои вай гӯш надиҳед”,-таъкид карданд онҳо дар хитоб ба журналистон.
Яке аз ин занҳо, ки худро Назокат Алиева муаррифӣ кард, гуфт, ӯ дар тазоҳуроти шаҳрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моҳи апрел низ иштирок кардааст. Вай афзуд, аслан хабар надошт, ки дар дохил чӣ мешавад: “Аз пеши дарвоза омадам, гуфтанд, ки дарову сӯҳбат кун. Ман ҳам даромада гапҳоямро гуфтам. Охир, ҳамин тинҷии кишвар ба кӣ намефорад? Ҳамин президенти мо Эмомалӣ Раҳмон аст.” Ин дар ҳолест, ки тамоми гурӯҳи тазоҳургарон худро дар дохили дафтари Раҳматилло Зойиров ҳамчун ҳамсояҳои ӯ муаррифӣ карданд.
Ин гурӯҳи занон худро муаррифӣ накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз Интернет фаҳмидаанд. Ҳарчанд Зоиров ва дигар масъулони ҲСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарӣ ба президент Раҳмон дахл надорад, вале занҳо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онҳо, “Зоиров ҳамеша ва дар ҳама ҷо дар бораи ҳукумату Раҳмон менависад ва сухан мегӯяд.” “Мо як гурӯҳ заноне ҳастем, ки оромӣ мехоҳем. Монед, оромона зиндагӣ кунем”,-афзуданд онҳо.
Дар пайи чунин шӯру мағали тазоҳургарон нишасти хабарии Раҳматилло Зоиров қатъ шуд ва худи ӯ эълон кард, ки сӯҳбатро дафъаи дигар идома медиҳад. Тазоҳургарон дар қароргоҳи ҲСДТ ба эътирозгарон дар назди сафорати Амрико монанд буданд, ки 5 апрели соли ҷорӣ, баъд аз раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири пешини Тоҷикистон аз боздоштгоҳе дар Киев, баргузор гардид. Қисми аслии эътирозагронро донишҷӯён ташкил медоданд ва дар миёни онҳо занон низ буданд. Ҳарчанд эътирозгарон дақиқ намегуфтанд, ки бо ташаббуси кӣ ё кадом гуруҳ ҷамъ омаданд, вале алайҳи Абдуллоҷонов шиор медоданд ва ӯро дар дуздии пулу ноамнӣ муттаҳам мекарданд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ ин тазоҳуротро ғайриқонунӣ дониста, чор нафарро барои ташкили он ба ҷавобгарӣ кашид.[center]
[/center]
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)