Иқдоми “Помир Энержӣ” барои мубориза бо муштариёни саркаш
Ширкати «Помир Энержӣ», ки идораи электроэнергетикаи вилояти Бадахшонро дар ихтиёр дорад, қарор кардааст, барои муштариёни исрофкор ва сарпеч аз пардохти ҳаққи барқ, ҳисобкунакҳои махсуси рақамиро насб кунад, ки тариқи автоматӣ интиқоли барқро қатъ мекунанд.
Ба иттилои ширкат ҳудуди 5 ҳазор чунин ҳисобкунакҳо барои муштариёне насб мешаванд, ки беш аз 1 ҳазор сомонӣ дар назди ширкат қарздоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ширкат асосан ҳаққи барқро дар вилоят корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаи об пардохт накарда истодааст ва 50 дарсади қарзи барқ ба корхонаҳои буҷавӣ рост меояд.
Ширкати “Помир энержӣ”, як лоиҳаи муштараки ҳукумати Тоҷикистон Бунёди Оқохон ва Созмони молиявии байналмилалӣ аст, ки соли 2002-юм таъсис ёфта, тибқи шартнома барои 25 сол идораи электроэнергетикаи вилоятро дар ихтиёр дорад. Ин ширкат муваффақ шудааст, ки айни ҳол аксари муштариён дар вилоят 24 соат бо барқ таъминанд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)