Дастури Убайдуллоев барои арзонӣ, зебоӣ ва амният дар Соли нав
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, барои истиқболи сазовори Соли нави 2014 дар ҳудуди пойтахт чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Убайдуллоев қарор кардааст, чорабиниҳои умумишаҳрӣ аз 27 декабри соли 2013 оғоз мегарданд: “31 декабри соли 2013 аз соати 19:00 то 21:00 бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар майдони «Дӯстӣ» ва 1 январи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарӣ сайругашти оммавии сокинон дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Москва» баргузор мегарданд.”
Раиси Душанбе супориш додааст, ки то 28 декабри соли ҷорӣ ороиши майдонҳо, боғу гулгашт ва кӯчаву хиёбонҳо ба анҷом расонида шаванд. Ӯ барои ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши нархҳо таъкид намудааст, ки дар ҳамкорӣ бо субъектҳои хоҷагидорӣ дар тамоми бозорҳои шаҳри Душанбе аз 28 то 30 декабри соли 2013 ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва молҳои ниёзи мардум баргузор шаванд.
Убайдуллоев таъкид намудааст, ки ниёзмандону барҷомондагон дар арафаи ид аз кӯмаки моддию маънавӣ бархӯрдор гарданд.
Ӯ ба мақомоти амният ва пулис супориш додааст, ки амнияту тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои Ид таъмин намоянд. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)