Нопадид шудани Усмон Азимов дар Русия ва нигаронии AI
Созмони Авфи Байналмилал ё Amnesty International аз нопадид шудани Усмон Азимов, як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, ки мақомоти Душанбе ӯро дар терроризм муттаҳам медонанд, ибрози нигаронӣ дорад.
Ин шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон 3 декабри соли ҷорӣ аз боздоштгоҳи муваққат барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар шаҳри Твер беному нишон шудааст. Cозмони Авфи Байналмилал аз он дар ташвиш аст, ки Азимов бо роҳи ғайриқонунӣ ба Тоҷикистон, ки ба эҳтимоли қавӣ дар ин кишвар мавриди шиканҷа ва ҳукми ноодилона қарор хоҳад гирифт, интиқол дода шавад.
Тибқи иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар панҷ тан аз афроди ношинос, ки дуи онҳо дар тан либоси пулис доштааст, рӯзи 3 декабр тақрибан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ вориди боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирон дар Твер гардида, Азимовро ҳамроҳи худ дар як мошини сиёҳшиша бурдаанд. Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, Азимов ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо “ECHR” барои баррасии масъалаи истирдодаш ба Ватан дархост фиристода буд. Рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ба хулосае омад, ки истирдоди Азимов ба Тоҷикистон хилофи моддаи 3-и Конвенсияи ҳуқуқи башари Аврупо мебошад. Дар ҳамин ҳол, мақомоти Маскав барои ҷилавгирӣ аз бозпас додани ин шаҳрванди Тоҷикистон ба ватанаш вазифадор шуда, барои даст задан ба иқдомоти лозима ва риояи қарори додгоҳи Аврупо огоҳонида шудааст.
Усмон Азимов рӯзи 3 ноябри соли 2010 аз сӯи мақомоти низомии Русия боздошт гардида буд. Дар он замон ӯ аз мақомоти Маскав ҳаққи паноҳандаи сиёсии ин кишварро талаб кард. Аммо дархости Азимов рад гардид. Сипас додгоҳи Русия барои истирдодаш ба ватан иҷоза дод, ки дар ин ҳол Азимов ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо барои баррасии ин масъала шикоят бурд.
Созмони Авфи Байналмилал мегӯяд, солҳои охир мавориди рабуда шудан ва истирдоди ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан, ки гӯиё ба гуфтаи мақомоти Душанбе дар нақзи қонун муттаҳам мешаванд, зиёд ба чашм мерасад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)