Мактаби вайронаи Бохтар аз дурбини "Озодагон" (АКС)
Новобаста аз он ки эҳтимоли афтидани қисматҳои девору сақф дар мактаби рақами 12-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҳар лаҳза таҳдид дорад, он то ҳол аз одам холӣ нест.
Мактаби мазкур дар яке аз рустоҳои ин ноҳия ҷойгир буда, шумораи толибилмону омӯзгорон ва кормандони техникие, ки ҳамарӯза даруни он равуо доранд, ба 690 нафар дакка мехӯрад. Дар ҳамин ҳол, масъулини шуъбаи маорифи ноҳия ба ин боваранд, ки масъалаи мазкур пас аз ифтитоҳи мактаби наве, ки сохтмонаш чанд сол боз дуртар аз мактаби 12 идома дорад, ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки то ба истифода супурдани он намешавад ҳамин мактаби кӯҳнаро барои саломатӣ бехавф гардонд? Зимнан, бо оне ки фанерҳои сақфи коридор бинобар муддати тӯлонӣ иваз нагаштан кандаву овезон, деворҳо ҷо-ҷо рехта, тахтаҳои фарш ларзонак, устохонаи таълимӣ, толори варзишӣ ва китобхона бо дару тирезаҳои баркандаю фарши номақбул ҳастанд, ҳукумати ноҳияи Бохтар дар соли 2013 барои таъмири он ҳамагӣ 8 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.
Вале ба қавли ходимони Раёсати молияи ноҳияи Бохтар, барои таъмири мактабҳо дар соли 2013 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ гӯиё 100 дарсад иҷро гардида будааст. Пас, сабаби дар чунин ҳоли табоҳ қарор доштани мактаби рақами 12, ки ҳанӯз ҷонҳои зиндаро дар дохил дорад, дар чист? Дар тақсими нобаробари маблағҳо, кам ҷудо гаштани он ва ё дигар? Посухи инро аз маъмурони Вазоратҳои маорифу илм ва молияи кишвар интизорем. Муҳибуддини СОБИР,
“Озодагон”
Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)