Додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров: "Ӯ дар зиндон аст, аммо ақидаҳояш озоданд"
Наздикони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ва мудири собиқи “Тоҷикгаз”, мегӯянд, бо гузашти 8 сол аз замони зиндонӣ шудани ӯ ҳанӯз барои озодияш талош доранд. Темур Тошев, додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва раҳбари пешини дастгоҳи Ҳизби демократ, дар як тамос бо “Озодагон” гуфт, “то ҳол талош дорем, бегуноҳияш исбот шаваду аз кунҷи зиндон раҳо гардад. Додгоҳи Тоҷикистон, дарвоқеъ, ӯро ноҳаққона зиндонӣ кард.”
Вай мегӯяд, бовар доранд, боздошти мармузи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар Русия ва зиндонӣ кардани ӯ дар Тоҷикистон аз аввал то ба охир қазияи сиёсӣ буд, на иқтисодӣ: “Баъд аз ӯ чандин нафар раҳбари “Тоҷикгаз” шуд. Қарзи ин корхона зиёдтар гардиду камтар не. Вале касе дар маҳбас нест. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки боздошту зиндонӣ кардани ӯ ҷанбаи сиёсӣ дошт. Чаро ҳатто баъд аз ду соле, ки аз раҳбарӣ канор рафта буд, ягон додгоҳ ӯро даъват накард?!”
Темур Тошев мегӯяд, ҳарчанд бародари ӯ дар зиндон асту рӯзгори ширинашро паси панҷара мегузаронад, аммо ақидаҳои сиёсии ӯ дар озодиянд: “Бародарам дар охирин суханронияш дар додгоҳ гуфта буд, маро зиндонӣ мекунед, вале баъдтар чандин Искандаровҳои ҷавон пайдо мешаванд. Вақтҳои охир мебинам, ки дар Интернет ҷавонҳо дар дохили кишвар ва берун аз он фаъол шудаву баъзеяшон босаводона мубоҳисаҳои сиёсӣ мекунанд. Он гуфтаҳои бародарам ба ёдам меоянд ва фикр мекунам, ғалат нагуфтааст.”
Додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров, ки дар ҳоли ҳозир берун аз Тоҷикистон қарор дорад, гуфт, бо хонаводааш тамоси телефонӣ дорад ва аз онҳо пайваста дар бораи вазъи бародараш мепурсад. “Аҳволаш хуб аст. Саломатиаш хуб аст. Ман аз сабаби он ки дар ғарибӣ ҳастам, бо хешу табор телефонӣ сӯҳбат мекунаму аз аҳволи ӯ ҳам мепурсам”,-гуфт ӯ. Дар бораи он ки хонаводаи Искандаровро кӣ нигоҳубин мекунад ва рӯзгорашонро кӣ пеш мебарад, вай чунин посух дод: “Фарзанди хурдиаш дар Тоҷикистон аст ва аз роҳи тиҷорат аробаи зиндагиро мекашад.”
Маҳмадрӯзӣ Искандаров 9 декабри соли 2004 бо дархости мақомоти Тоҷикистон аз сӯи идораҳои амниятии Русия боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо шуд. Аммо баъд аз чанд рӯз ӯ дубора ба таври асроромез нопадид шуд ва додситонии кулли Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт шудани ӯ дар Душанбе хабар дод. Додгоҳи олии Тоҷикистон Искандаровро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои давлатӣ, фаъолиятҳои терорристӣ ва таъсиси гурӯҳи ҷиноии мусаллаҳ гунаҳкор дониста, барои 23 сол равонаи зиндон кард.
Соли 2010 Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо боздошти раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Русия ва интиқоли ӯ ба Душанберо ғайриқонунӣ дониста, Маскавро 30 000 евро ҷарима баст. Темур Тошев мегӯяд, то ҳозир Русия ин маблағро пардохт накардааст. “Аслан мо ба ягон маблағ эҳтиёҷ надорем. Фақат мехоҳем, фарзанди падарамон дар озодӣ ва дар канори хонаводааш бошад. Дар паҳлӯямон набудани ӯро сахт эҳсос мекунем. Чаро ки ӯ натанҳо бародари мо, балки роҳбари мо буд”,-таъкид дошт ӯ.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)