Русҳо дар Тоҷикистон барандаи ҷойи аввали чемпионат шуданд
Мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии кишварҳои узви ҷомеаи муштаракулманофеъ дар минтақаи Замин-Қарори наздикии деҳаи Марғеби ноҳияи Айнӣ ба анҷом расид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд, ин чорабинии варзишӣ, ки тайи 15 рӯз дар ҷумҳурӣ идома дошт, бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Красноярски ФР анҷом ёфт.
Манбаъ ҳамчунин афзуд, сабқати мазкур бо тасмими шӯрои ИДМ барпо гардида, ба ҷашни 20-солагии таъсисёбии ин созмон бахшида шуда буд. Дар ин мусобиқа 15 даста (11 тими мардона ва 4 дастаи занона) бо шумули 30 кӯҳнавард аз Русия, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Укроин ширкат доштанд, аммо кӯҳнавардони тоҷик, ки дар айни ҳол барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ талош доранд, дар ин мусобиқа иштирок накарданд. Тибқи иттилои расида Виктор Сиганков ва Павел Власенко аз Русия ғолибони мусобиқаи қаҳрамонии кӯҳнавардии ИДМ гардиданд. Евгений Полтаветс ва Александр Заколодний аз Укроин зинаи 2-юмро ба даст оварданд. Дмитрий Шиянов - Денис Леусов аз Қазоқистон дар мақоми 3-юм ҷой гирифтанд.{jathumbnail off}