Нигарониҳо аз воридоти хлопушка: Хадамоти гумрук чӣ мегӯяд?
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз қарори ҳукумат дар бораи манъи вуруди бархе аз маҳсулоти тарфгарӣ ҳанӯз ҳам ин гуна маҳсулот, аз ҷумла хлопушкаю мушакҳои таркандаву "салют" дар кишвар зиёд ба назар мерасанд.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия мегӯяд, аз бемасъулиятии бархе аз соҳибкорону савдогарон, дар арафаи Соли нави мелодӣ садои гӯшкаркунандаи хлопушкаҳо боз ҳам оромии ҷомеаро халалдор сохта, мардумро дар ташвишу изтироб мемонад.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, бо дастури вазир Рамазон Раҳимов аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД нақшаи чорабинии махсус тарҳрезӣ ва тасдиқ карда шудааст, ки мувофиқи он кормандони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар ҳамкорӣ бо нозирони минтақавии милитсия, намояндагони шуъбаҳои маориф, фарҳанг ва раиси шӯрои маҳалла дар маҳаллаҳо, муассисаҳои таълимӣ, бозору марказҳои савдо ва дӯкону нуқтаҳои хурди фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва рейдҳои муштарак мегузаронанд.
Ин чорабиниҳо дар ҳолеянд, ки Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки ахиран раёсаташро Рустами Эмомалӣ ба уҳда гирифт, бояд тибқи қарори ҳукумати кишвар аз вуруди он ҷилавгирӣ кунад.