Ифшои гуруҳи қочоқчиён дар ноҳияи Фархор
Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и Тоҷикистон дар пайи боздошти як ҷавони 19-сола дар ноҳияи Фархор, як гуруҳи ҷиноиро ошкор кардааст, ки ба қочоқи мухаддирот аз Афғонистон ба Русия машғул будаанд.
Ба иттилои Агентӣ назорати махфӣ аз болои сокини 19-солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, имкон додааст, ки дар ҳудуди ҷамоати Дарқади ноҳияи Фархор аъзо ва роҳбари ин гуруҳи ҷиноятпеша дастгир шуданд: “Аз хонаи истиқоматии роҳбари гуруҳ кормандони фаврии агентӣ як халтаи селофанӣ бо афюн, ки вазнаш қариб 2 кг буд, ёфт ва мусодира намуданд.“
Ба иттилои манбаъ дар айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотию фаврӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал алоқаманд идома дорад.