Зайд Саидов: “Барои ибрози ҳарфи охирин дар додгоҳ тайёрам” (МУЛТИМЕДИА)
Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари Тоҷикистони нав, ки ҳафт моҳ боз дар боздошт ба сар мебарад, гуфта, ки барои баёни сухани охиринаш дар додгоҳ омода мебошад. Вай ин ҳарфҳоро рӯзи 9 декабр, дар сӯҳбати кӯтоҳ бо вакилони мудофеаш дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ, иброз доштааст.
Фахриддин Зокиров ва Шӯҳрат Қудратов, ду вакили мудофеи Зайд Саидов, рӯзи душанбе дар додгоҳ баромади ниҳоӣ карда, бар хилофи намояндаи додситонӣ хостори қатъи парванда ва озод гардидани нафари таҳти ҳимояташон шудаанд. Абдусамеъ Додобоев, намояндаи додситонӣ ё айбдоркунандаи давлатӣ, рӯзи 5 декабр аз додгоҳ хоста буд, Зайд Саидовро барои 28 сол равонаи зиндон кунад.
САДОИ ФАХРИДДИН ЗОКИРОВ:
Фахриддин Зокиров ҳангоми берун омадан аз боздоштгоҳ ба хабарнигорон гуфт, нафари таҳти ҳимояташон ин талаби додситонро бо дард қабул кардааст ва аммо онҳо гуфтаанд, ин танҳо дархост аст, ҳукм нест. “Ӯро мутмаин сохтем, ки ин талаби айбдоркунандаи давлатӣ ниҳоӣ набуда, Зайд Саидов бояд сабр кунад ва ҳукми додгоҳро мунтазир бошад”,-афзуд Зокиров. Ин вакили мудофеъ гуфт, ӯву ҳамкораш Шӯҳрат Қудратов бо пешниҳоди далелҳои қатъӣ тамоми иттиҳомоти алайҳи таҳти нафарашонро рад намудаанд. “Мо бештар дар бораи парванда ё моддаҳои марбут ба тақаллубкорӣ ва ҷиноёти хусусияи иқтисодишдоштаи Зайд Саидов баромад кардем. Бовар дорем, ин баромади мо аз сӯи додрас ба инобат гирифта мешавад. Чун мо аз рӯи тамоми моддаҳои эълонгардида далелҳои қатъии худро ба таври хаттӣ пешниҳод кардем”,-таъкид дошт ӯ.
Қарор аст, рӯзи 10 декабр Исҳоқ Табаров, яке дигар аз вакилони Зайд Саидов дар додгоҳ баромади ниҳоӣ бикунад.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақ ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, моҳи майи соли ҷорӣ, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт шуд. Мақомот ӯро дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешуморанд. Мурофиаи ӯ моҳи сентябр паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ шурӯъ шуда, интизор меравад, баъд аз сухани ниҳоии ӯ ва ҳукми додрас ба анҷом бирасад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)