Путин РИА “Новости” ва “Голос Россия”-ро барҳам дод
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, бо як фармони худ Оҷонси иттилоотии маъруфи РИА “Новости” ва радиои “Голос Россия”-ро барҳам додааст.
Бо дастури ҳукумати Русия дар заминаи РИА “Новости” хабаргузории нави байналмилалие бо номи "Россия сегодня" ташкил шудааст, ки раҳбарии онро Дмитрий Киселев, муҷрии барномаҳои “Россия-1” бар ӯҳда дорад. Инчунин, гуфта мешавад, тамоми таҷҳизоти ширкати радиоии “Голос Россия” ба ихтиёри ин хабаргузории тозатаъсис дода хоҳад шуд.