Манъи иҷрои лоиҳаҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр
Дар манотиқи марказии шаҳри Алма-Атои Қазоқистон иҷрои лоиҳаҳои сохтмонии бузург манъ карда шудааст. Аҳмадҷон Есимов, шаҳрдори Алма-Ато мегӯяд, ин қарори ӯ ба хотири нигаҳдории осори таърихии шаҳр гирифта шудааст.
Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ, Есимов дар ҷаласаи ахири худ рӯзи 9 декабр ба зертобеонаш дастур додааст, то ҳудуди марказии шаҳрро, ки иҷрои тарҳҳои сохтмонӣ дар ин минтақа манъ мебошад, муайян созанд.
Инчунин манбаъ афзудааст, ки шаҳрдории Алма-Ато бо тарҳи бунёди Маҷмаи истиқоматӣ дар кучаи ба ном “Фурманов”-и ин минтақа мувофиқат кардааст. Есимов ба масъулин барои бунёди биноҳои истиқоматию маъмурии зебо ва замонавӣ дар минтақаи ҷануби Алма-Ато дастур дода, иброз доштааст, ки ин минтақа ҳамчун “Чеҳраи Алма-Ато” ба шумор меравад ва аз ин рӯ, бояд биноҳои замонавӣ дар онҷо қомат бияфкананд.