Се бозии тими «Истиқлол» мавқуф гузошта шуд, «Равшан» ҳамоно дар майдони бегона бозӣ хоҳад кард
Футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар 3 даври бозиҳои лигаи олии ҷумҳурӣ миёни дастаҳои футболи ҳунарнамоӣ намекунад.
Тавре Алӣ Шариф, роҳбари дафтари матбуоти федератсияи футбол ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, 6-уми августи соли ҷорӣ даври 23-юми чемпионати лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мешавад. Мувофиқи нақшаи тақвимии федератсияи футболи Тоҷикистон бояд тими «Истиқлол» рӯзи 6-ум бо дастаи «Шодмон», рўзи 10-ум «Энергетик» ва рўзи 13-ум бо «Регар ТадАз» қувваозмоӣ мекард. Бо қарори кумитаи ФФТ ин се бозӣ мавқуф гузошта шуд ва баъд аз анҷоми марҳилаи тайёрии дастаи «Истиқлол» ин вохуриҳо доир мегарданд. Гуфта мешавад, дар даври 23-юми чемпионати мамлакат ҳамчунин вохӯрии дастаҳои «Хуҷанд» ва «Парвоз» низ мавқуф гузошта мешавад. Тими «Равшан», ки бинобар сабаби хархашаҳои моҳи июн, 5 вохӯриро дар майдони худ гузаронда наметавонад, ин дафъа бо тими «Вахш» дар шаҳри Норак бозӣ хоҳад кард. Тими «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат бошад, дастаи «ССКА Помир»-ро дар майдони худ қабул менамояд, «Регар ТадАз» бо «Энергетик»-и Душанбе қувваозмоӣ мекунад. Дар ин давр аз рўи нишондод дастаи «Гвардия»-и шаҳри Душанбе озод аст.
Зимнан, дастаи «Истиқлол» аз 18 бозӣ бо 46 имтиёз дар мақоми аввали ҷадвали сабқат қарор дорад, «Равшан»-и Кӯлоб як бозӣ зиёдтар карда, 44 хол ба даст овардааст. Тими «Регар ТадАз» аз 19 бозӣ 42 имтиёз дошта, ҷойи сеюмро ишғол кардааст.
Дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо сабаби иштирок карданаш дар даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё дар се даври навбатии лигаи олии кишвар ширкат намекунад. Бино ба қавли Алӣ Шариф, «Истиқлол»марҳилаи тайёриро ҷиҳати ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ дар шаҳри Қайроқум баргузор менамояд. {jathumbnail off}