«Рейтер» дурӯғ мегӯяд
Тавлидоти арзиз дар Тоҷикистон коҳиш наёфтааст, ҳамзамон дар соли равон низ мизони истеҳсоли ин навъи маҳсулот поён нахоҳад рафт.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» сардори шӯъбаи таҳлил ва иттилооти ширкати алюминии тоҷик мавсум ба «ТАЛКО», Игор Сатторов иттилоъ дод. Номбурда афзуд, тасмими ниҳоиро дар бораи боло ва ё поин бурдани мизони тавлиди арзиз шӯрои директорони корхона гирифта, онро барои баррасӣ ва тасдиқ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Аммо то имрӯз як чунин қарор на аз сӯи масъулини ширкат ва на аз ҷониби ҳукумат аз сар гирифта нашуда, иттилои расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла хабаргузории «Рейтер» аз ҳақиқат орӣ аст. Ин оҷонсӣ ба ҳеч яке аз роҳбарони ТАЛКО дидору мулоқот надошта, хабари дурӯғро пахш кардааст ва маълум нест, ки мақсад аз ин хабари иғвобарангез чист.
Ёдрас менамоем, ду рӯз қабл хабаргузории «Рейтер» навишта буд, ки ширкати алюмини Тоҷикистон ё ТАЛКО ба нақша гирифтааст, ки тавлидоти худро дар соли 2011 то 18 дарсад коҳиш медиҳад. Дар идомаи гузориш омадааст, таъмири таҷҳизоти ин корхона, ки мӯҳлати истифодааш бештар аз вақти пешбинӣ будааст, гаронтар тамом мешавад. Тавлиди алюмин барои соли ҷорӣ дар ин корхона 377 600 тонна ба нақша гирифта шудааст, аммо ширкат ҳудуди 310 000 тонна арзиз истеҳсол кардааст, ки ин дар қиёс ба соли гузашта камтар аст. Манбаъи хабар, ки ин иттилоро дар ихтиёри «Рейтер» гузоштааст, ҳамчунин илова кардааст, ки ҳамакнун дар корхонаи алюминии тоҷик таҷдиди истеҳсолӣ шурӯъ гардида, тайи ним сол ва бештар аз он идома мекунад ва масрафоти ин тарҳ муодили 100 миллион доллари амрикоист.