Муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷик: “Русҳо гуфтанд, дигар ба Ватани мо наоед”
Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ХФМР) бо роҳандозии як амалиёти махсус ба ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави ин кишвар машғул ба коранд, оғоз намудааст.
Абдуманоф Амонов, шаҳрванди ихроҷшудаи Тоҷикистон аз Русия, шоми 8 декабр ҳангоми берун шудан аз фурудгоҳи Душанбе дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, шурӯъ аз 1 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Самараи Русия амалиёти берункунии муҳоҷирони тоҷик оғоз гардидааст, ки дар пайи он то кунун даҳҳо сокини кишвар ба ватан фиристода шудаанд.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз сӯи кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар фурудгоҳи Самара дар ҳоле боздошт мешаванд, ки онҳо ҳеч мушкиле дар ҳуҷҷатҳои худ надоранд. “Рӯзи 5 декабр, ки ман ҳамроҳ бо 10 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бояд соати 24:00 аз фурудгоҳи Самара ба самти Хуҷанд парвоз мекардам, аз сӯи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия боздошт шуда, ба ҳуҷраи махсус интиқол ёфтем ва тақрибан баъди як соат эълон гардид, ки мо ба нақзи қавонини будубош дар Русия муттаҳам мешавем ва ҳаққи парвоз ба ватанро надорем. Сипас, моро ба яке аз шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Самара интиқол доданд”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Амонов, аз ин шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон, ки гӯиё ба қавли Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар нақзи қавонини буду бош дар қаламрави ин кишвар муттаҳам мешаванд, пеш аз ихроҷ ба ватан, тариқи додгоҳ аз ҳар яки эшон ба маблағи 2 ҳазор рубли русӣ ҷарима ситонда мешавад: “Моро баъд аз ду-се рӯзи боздошт ба додгоҳ ҳозир намуда, бо қарори ин ниҳод ҳар як нафарамонро 2000 рубли русӣ ҷарима намуда аз Русия ихроҷ карданд.”
Дар ҳамин ҳол, муҳоҷири дигари тоҷик ва ҳамсафари Амонов, ки худро Шаҳбоз муаррифӣ намуд, гуфт, ӯ низ бе ягон далел аз тарафи кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия дар ҳоле боздошт шудааст, ки ба таври қонунӣ дар Самара кор ва зиндагӣ мекард, вале бо вуҷуди ин ӯ низ аз хоки ин кишвар ихроҷ гардидааст. Мусоҳиби мо афзуд, намояндагони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба таври ошкоро ба ӯ гуфтаанд, ки дигар ба ватани онҳо наояду дар кишвари худ дунболи пайдои ризқу рузияш бошад.
Ин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қавли эшон, ба таври иҷборӣ ва ғайриқонунӣ аз қаламрави Русия берун карда шудаанд, мегӯянд, дар ҳоле ки чунин амалиёт дар шаҳри Самараи Русия алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик идома дорад, нафаре аз консулгарӣ ё Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия садо баланд намекунад. “Аз намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва консулгарии Тоҷикистон дар ин ду рӯзи боздошт касеро надидем”,-афзуд ӯ.
Ҳар сол ҳудуди 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи кор ба Русия рафта, солона ҳудуди 4 миллиард доллар ба кишвар пул мефиристанд.