Рустами Эмомалӣ ба шарофати чӣ ё кӣ ҷавонтарин узви ҳукумат шуд?
Рустами Эмомалии 26-сола, ки ахиран бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, ҷавонтарин узви ҳукумати нав шуд, танҳо ба он хотир ба ин симмат ноил шудааст, ки падараш президент мебошад. Ин нуктаро беш 67 дарсади иштирокдорони назарпурсӣ дар бахши русии “Озодагон” таъкид кардаанд.
Бар пояи ин назарпурсӣ танҳо 3,4 дарсади иштирокдорон гуфтаанд, Рустами Эмомалӣ дар синни ҷавониаш ба садри Хадамоти гумрук ба шарофати малакаю истеъдоди худаш расидааст. 1 дарсади иштирокдорон таъиноти Рустами Эмомалиро ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати нав рабт додаанд, ки ният дорад, ба сиёсат бештар кадрҳои ҷавонро ҷалб кунад. 31 дарсад дар пасманзари таъиноти нав изҳор доштаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар симои Рустами Эмомалӣ вориси худро мебинад.
Рустами Эмомалӣ -- сардори тозатаъини Хадамоти гумрук 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Аз октябри соли 2012 то таъиноти наваш дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Акс аз Ройтерз