Таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия
Сар аз соли 2003-юм, ҳамасола 9-уми декабр, Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия таҷлил мегардад, ки ба рӯзи имзои Эъломияи Созмони милали муттаҳид алайҳи фасод рост меояд.
Эъломияи СММ алайҳи фасодро 140 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ба имзо расондааст. Ҳадафи ин эъломия пешгирӣ ва решакан намудани фасодкорӣ арзёбӣ мешавад, чун дар эъломия омадааст, ки фасод рушди иқтисодӣ, институтҳои демократӣ, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятиро халалдор карда, барои равнақи ҷинояткории гуруҳӣ, терроризм ва дигар омилҳои манфӣ мусоидат мекунад.
Ин санади байналмилалӣ як қатор чораҳоро барои пешгирии фасоду муҷозоти дастандаркорон дар бар гирифта, кишварҳои узвро уҳдадор мекунад, то сиёсатеро роҳандозӣ намоянд, ки алайҳи фасодкорӣ равона шудааст. Ҳукуматҳои кишварҳои узв уҳдадоранд, талош кунанд, то мансабдорони давлатӣ фурӯхтанашаванда, боинсоф ва бомасъулият бошанд ва роҳи интиқоли байналмилалии маблағҳоеро, ки тариқи ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, бигиранд.