Видеои кандани ҳайкали Ленин аз сӯи мӯътаризон (ВИДЕО)
Шоми якшанбеи 8 декабр эътирозгарон дар Киев, пойтахти Украина, ҳайкали Владимир Ленин -- асосгузори давлати Шӯравиро чаппагардон карданд. Пулиси Украина мегӯяд, дар ин замина бар асоси моддаи 249-и Кодекси ҷиноии ин кишвар парванда боз намудааст, ки ҳашт соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.
Кандани ҳайкали Ленинро гурӯҳи миллатгарои “Свобода” (Озодӣ)-и Украина ба ӯҳда гирифтааст. Юрий Сиротюк, намонядаи ин гурӯҳ дар парлумони Украина, гуфтааст, чаппагардон шудани ҳайкали Ленин худоҳофизӣ бо гузаштаи тоталитарист.
Дар ҳамин ҳол, Юлия Тимошенко, нахуствазири пешини Украина, ки дар зиндон ба сар мебарад, бо ирсоли паёме аз Виктор Янукович, раисиҷумҳури кунунӣ, хостааст, ба истеъфо биравад. Тазоҳургарони рӯзи якшанбе дар Киев низ хостори баргузории интихобот дар ояндаи наздик шудаанд.