Ситора Назарова, Ҷонибек ва Dushanbe Fashion Week (АКС)
Нахустин ҳафтаи мӯди АвруОсиё шоми 8 декабр бо номи Dushanbe Fashion Week (DFW) дар Ҳайат Реҷенсии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин намоишгоҳ тарроҳони маъруф аз Олмон, Туркиё, Русия, Қазоқистон ва Украина иштирок карда, ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ин намоишгоҳ аз тарафи шаҳрдории Душанбе ва хонаи мӯди “M-Style” ташкил шуда, дар он Ситора Назарова, Кирилл Камбаров ва Ҷонибек Муродов низ ҳунарнамӣ карданд. Dushanbe Fashion Week рӯзи 9 декабр дар бинои “Dushanbe Plaza” низ идома хоҳад ёфт. Ба итттилои созмондиҳандагони намоишгоҳи мӯд тамоми даромади он ба рушди маркази кӯдакони дорои аутизм равона мегардад.