Баҳси 25 000 сомонӣ. Бухориеву Бобоев - розӣ, Ғаффоров – норозӣ
Ҳумайрои БАХТИЁР
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) дар интихоботи 6 ноябр ба ҳар кадом аз довталабони курсии шахси аввали ҷумҳурӣ 25 ҳазор сомонӣ ихтисос дода буд. Ҳоло баъзе аз номзадҳо онро барои таблиғи довталаби курсии президентӣ кофӣ ва иддае ҳам нокофӣ мешуморанд.
Толиббек Бухориев, номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ), дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, 25 ҳазор сомонӣ барои таблиғи барномаҳояш ҳангоми сафарҳои хидматӣ басанда будааст. “25 ҳазор барои нашри варақаҳои иттилоотӣ расид. Барои таблиғи барномаҳоям ҳамин маблағро масраф кардам. Пули зиёдатӣ барои харҷ дар барномаҳо надоштам”,-афзуд Бухориев.
Олим Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) ҳам гуфт, барои барномаҳои таблиғотӣ, сафарҳои хидматӣ ва нашри варақаҳои иттилоотияш аз 25 ҳазор бештар сарф накардааст. “Дар мо мақоле ҳаст, ки поятро мувофиқи кӯрпаат дароз кун. Барои таблиғоти беҳтар мо ба пули зиёдтар ниёз доштем. Ин 25 ҳазор сомонӣ барои нашри бештари варақаҳо кам буд. хароҷоти нақлиёт, сӯзишворӣ, ҳафтанома, барои ҳамаи ин маблағ лозим буд. Мо ҳисобу китоб карда тамоми талоши худро дар доираи ҳамин 25 ҳазор сомонӣ ба назар гирифтем”,-мегӯяд Бобоев.
Раҳбари ҲИИТ афзуд, ҳоло онҳо тасмим доранд, барои ислоҳи ин масъала чанд пешниҳоде ба КМИР ирсол намоянд. Номзадҳо ба курсии президентӣ аз ҲАТ ва ҲИИТ дар ҳоле аз 25 ҳазор сомонӣ пули додаи Кумисюни маркзаии интихобот изҳори қаноматмандӣ мекунанд, ки Абдуҳалим Ғаффоров -- номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ин миқдор пулро ночиз медонад. Оқои Ғаффоров ба ин назар аст, ки кам ҷудо гардидани маблағ садди роҳи номзадҳо барои таблиғи барномаашон шудааст.
Ғаффоров барои мисол аз маъракаи интихоботии Амрико намуна оварда гуфт, амрикоиҳо барои интихоботи худ ҳудуди 200 миллион доллар сарф мекунанд: “Дар мо 25 ҳазор сомонӣ медиҳанд. Ин чист? Ҳеч чиз. Бояд ҳадди ақал барои мо 2 миллион сомонӣ ҷудо мекарданд. Он вақт барои таблиғи ақидаҳои худ дар тамоми манотиқи кишвар муваффақ мешудем. Бо ин 25 ҳазор сомонӣ як номзад бо 15 шахси боэътимод ва гурӯҳҳои ситоди пешазинтихоботии худ наметавонад сад дарсад кор кунад.” Раҳбари ҲСТ мегӯяд, новобаста аз камии маблағ интихоботи президентии соли 2013 дар муқоиса бо интихоботи соли 2006 қадаме ба пеш буд. Оқои Ғаффоров мегӯяд, дар маъракаи интихоботии соли 2013 65 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар интихоботи президентии соли ҷорӣ дар кӯчаву хиёбонҳо варақаҳо ва баннерҳои номзадҳо кам ба чашм мерасид. Албатта, ба истиснои номзади аслии интихобот - Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳамин маврид, таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ҳизби ҳоким аз имконият ва захираҳои маъмуриву давлатӣ барои номзади худ сӯистифода кардааст. Усмон Солеҳ, раҳбари дастгоҳи таблиғотии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ), ин иддаоро рад кард ва гуфт, ҳизби ҳоким бар асоси меъёрҳои муқарраркардаи қонунгузорӣ барномаҳои номзади худро дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ таблиғ кардаанд.
Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, маълумоти расмӣ оид ба чӣ қадар ва чӣ гуна масраф кардани номзадҳоро ҷамъ кардаанд, аммо он бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад. Ба гуфтаи масъулини КМИР, ин ниҳод ҳуқуқи эълони ин гуна маълумотро надорад.
Амният Абдулназаров, раҳбари созмони “Демократия”, ин даъвои КМИР-ро ғайримантиқӣ донист. Зеро, ба гуфтаи ӯ, 25 ҳазор сомонӣ барои номзадҳо аз буҷаи давлатӣ ҷудо гардида, мардум ҳақ доранд, то аз сарфи ин маблағ огоҳии бештар пайдо кунанд. “Номзадҳое буданд, ки дар доираи ин маблағ барнома таҳия карданд. Гурӯҳи дигар ҳаминро ҳам сарф накарданд. Ба назари ман, бархе аз номзадҳо ба курсии президентӣ танҳо барои худнамоӣ вориди интихобот шуданд. Онҳо дастур гирифтанд ва барояшон ҳеч фарқе набуд, ки барномаву ақидаашон миёни мардум паҳн мешавад ё на. Аз ин хотир чизе гуфтан атрофи маблағи таблиғотии номзадҳо дар Тоҷикистон мушкил аст”,-илова кард Абдулназаров.
Воҳидхони Қосиддин, раҳбари дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломӣ, мегӯяд, дар асл рақобат дар маъракаи интихоботи президентӣ баробар набуд. “Дар интихоботи соли 2013 ҳизби ҳоким президенти амалкунандаро пешбарӣ намуд. Табиист, ки дар арафаи интихобот сафарҳои давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи кишвар зиёд шуданд. Ҳарчанд ҲХДТ рабт доштани ин дидору мулоқотро бо интихобкунандагон ҷузъе аз барномаи давлатии Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Аммо ин як имконияти васеъ барои таблиғи дубораи президент гардид”,-мегӯяд Воҳидхони Қосиддин.
Бо ин ҳама, коршиносон мегӯянд, барои таблиғи сартосарии як номзад ба курсии президентӣ дар Тоҷикистон 25 ҳазор сомонӣ кам буда, бояд ҳадди ақалл 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи КМИР ҷудо карда шавад. Аммо, мегӯянд таҳлилгарон, КМИР ҳисобу китоби чӣ гуна сарф кардани ин миқдор маблағро аз номзадҳо талаб намояд, то сӯистифода сурат нагирад.