Талоши генерал Назаров барои бастани роҳи қочоқи мухаддирот ба Русия
Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, дар садри як ҳайати корӣ, имрӯз, 9-уми декабр озими шаҳрҳои Екатеринбург, Тюмен , Омск ,Новосибирск ва Красноярски Русия шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуотии Агентӣ ба «Озодагон» иттилоъ доданд, мақсади ин сафар, ташкили ҳамкориҳо, бастани роҳҳои қочоқи маводи нашъаовар аз Тоҷикистон ба Русия, табодули ахбори оперативӣ, ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо гурӯҳҳои мутташакили ҷиноӣ мебошад.
Дар доираи ин сафар, масъулини агентӣ бо роҳбарони маъмурияти вилоятҳо, Раёсатҳои Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русия, Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, Хадамоти Федеролии иҷрои ҷазои Русия ва инчунин бо фаъолони ҷамъияти тоҷикони ин вилоятҳо мулоқот хоҳанд намуд. Манбаъ афзуд, роҳбарияти агентӣ аз Донишкадаи ҳуқуқшиносии Сибири Красноярск низ дидан менамоянд, ки дар он 20 нафар фарзандони кормандони Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҳсил доранд.