Данғара аз “лимит” барзиёд барқ мегирад
Данғара, ягона ноҳияи Тоҷикистон аст, ки лимит дар он риоя мешавад ва ҳатто аз меъёр барзиёд барқ мегирад.
Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки сатҳи таъминот бо барқ дар навоҳии кишварро пайгирӣ мекунад, ҳисоб кардааст, ки аз 10-уми ноябр то аввали моҳи декабр ноҳияи Данғара ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз 11 соат барқ гирифтааст, ки аз меъёри лимит барзиёд аст. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин Иттифоқ дар навоҳии дигари Тоҷикистон лимит риоя намешавад ва мардум ба ҷои 9 соат дар як шабонарӯз 5-8 соат барқ мегиранд.
Тибқи ҳисоби Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, давоми моҳи ноябр дар навоҳии тобеи марказ Ҳисор, Файзобод, Турсунзода ба ҳисоби миёна 6 соат, Нуробод – 8 соат ва дигарон 7 соатӣ барқ гирифтаанд. Дар вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод 5 соат ва навоҳии дигар 6-7 соатӣ барқ гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон ба ҳисоби Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ноҳияи Данғара 11 соат, Ховалингу Сарбанд 8 соат ва навоҳии дигари вилоят 7 соатӣ барқ дастрас кардаанд. Шаҳри Кӯлоб дар моҳи ноябр ба ҳисоби миёна 14 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин будааст.
Ширкати “Барқи тоҷик” соли равон барои сарфаи обу энержӣ реҷаи маҳдудияти барқ ё худ лимитро ҳанӯз 26-уми октябр ҷорӣ намуда, баъдтар онро шадидтар намуд. Айни ҳол ба иттилои ин ширкат мардуми навоҳии кишвар бояд аз соати 5-00 то 9-00-и субҳ ва аз соати 17:00 то 22:00-и шаб барқ гиранд, ки дар амал пурра иҷро нашуда истодааст. Ин дар ҳолест, ки қаблан гуфта мешуд, маҳдудият ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.