Боздошти гумонбарони марги Мунирхон Хоҷаев, устоди ДДХ
Як манбаъ дар Раёсати умури дохилии вилояти Суғд аз боздошти гумонбарони марги Мунирхон Хоҷаев, декани факултапи ҷуғрофияи табиии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, хабар дод. Аммо гуфт, ба далели халал ворид нашудан ба кори тафтишот дар ҳоли ҳозир аз ифшои номи гумонбарон худдорӣ мекунанд.
“Ҳоло аз Вазорати умури дохилӣ иҷоза надодаанд, то номи онҳо ошкор шавад”,-афзуд манбаъ. Мунирхон Хоҷаеви 49-сола шоми 4 декабр дар пайи латту кӯби афроди ношинос ҷон бохта, ҷасади ӯ дар маҳаллаи “Гулистон”-и Хуҷанд ёфт шудааст. Дар сӯҳбат бо “Озодагон” ҳамкорони Хоҷаев аз ӯ бо некӣ ёд карда, вайро марди беозор донистанд. Онҳо гуфтанд, мавриди латту кӯб қарор гирифтани ӯ ҳанӯз боварнакарданист ва суолҳои зиёдеро халқ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки огоҳони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, дар марги номзади илм Мунирхон Хоҷаев яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даст дорад. Иттилое, ки то ҳол расман тасдиқ ё такзиб нашудааст.