АКС: Вайрон кардани биноҳои қадимӣ дар маркази Душанбе
Мақомоти шаҳрдории Душанбе ба тахриби баъзе аз биноҳои қадимӣ, ки дар маркази пойтахт, хиёбони Рӯдакӣ, қомат афрохтаанд, оғоз кард.
Ин биноҳо бар асоси нақшаи генералӣ тахриб ва ба ҷояшон хонаҳои баландошёна бунёд хоҳад шуд. Аксари сокинони пойтахт аз ин иқдоми мақомот нигаронӣ карда, мегӯянд, ин биноҳо хусусияти таърихӣ дошта, бояд аз байн бурда нашаванд.
Яке аз ин биноҳои тахрибшавандаи кӯҳанбунёд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ-77 ҷойгир аст, “Синамо”-ст, ки дар гузашта аз он бо номҳои хонаи "Радуга" ва "Горбушка" ном бурда мешуд. Ин бино таърихи беш аз 60-сола дошта, солҳои 50-уми асри гузашта сохта шудааст.
Бар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе, бархе аз биноҳои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ ва Садриддин Айнӣ, аз ҷумла хонаҳои ду-се ошёна ва баъзе аз биноҳои маъмурӣ бояд тахриб ва ба ҷои онҳо биноҳои истиқоматии баландошёна сохта шаванд. Ба ин рӯйхат, биноҳои истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ таҳти рақамҳои 11/1, 32, 33а, 37а, биноҳои № 77, 79, 84, 102, 103, 105, 108, 110, 114, 124, 126, 128, 130, 132, 134, 136, аз ҷумла бинои маҷмааи тафреҳии «Вастан», Маркази «Ораш», Қаҳвахонаи «Порт Саид» ворид мешаванд.