«ХТ»: Ришва барои дохилшавӣ ба донишгоҳ то 75 ҳазор доллар
Торнамои “Хроника Туркменистана” («ХТ») навишта, ки дар шаҳри Марии Туркманистон ҳаҷми ришва барои гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ аз 2000 манат, муодили 700 долларро ташкил медиҳад.
«Масъулин ришваро мустақиман намегиранд, онро тавассути шахси боваринокашон ба даст меоранд. Танҳо вақте миёнарав муътақид мешавад, ки дар баробараш шаҳрванди одӣ аст, на корманди хадамоти махсус пулро гирифта, ба шахси лозим медиҳад»,-навиштааст манбаъ.
Ҳаҷми ришва барои ҳамин хизматрасонӣ дар Ашхобод се маротиба гаронтар будааст: «Барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ низ ришва мегиранд, ки аз 75 ҳазор доллар ва аз ин бештарро дар бар мегирад».
«Хроника Туркменистана» дар идома менависад, ки таҳсил дар хориҷ барои туркманҳо дардисарсоз аст: «Онҳое ки дар хориҷа таҳсил мекунанд, дар ватан ҷои кор пайдо намекунанд, карераи волидонашон ҳам бо суръат суқут мекунад».