28 сол - барои дарс, хомӯшӣ ва азхудкунии моли дигарон?!
Алӣ МАСТОВ,
таҳлилгар
28 соли зиндон! Маҳз ҳамин мӯҳлатро айбдоркунандаи давлатӣ барои Зайд Саидов, соҳибкор ва роҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Тоҷикистони нав”, талаб дорад. 28 сол!
Айбдоркунандаи давлатӣ ақаллан мефаҳмад, ки 28 сол тақрибан ин нисфи ҳаёти миёнаи тоҷикистониёнро ташкил медиҳад? Ӯ мефаҳмад, ки 28 сол барои Саидови 55-сола бо назардошти шароити нигоҳдорӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон баробари мӯҳлати ду ҳабси якумра аст? Ва ин ҳама танҳо барои он ки Саидов ният дошт, тариқи таъсиси ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳаётро беҳбуд бахшад?
Ба Шумо, сарфи назар аз фармоишу ангезаҳо, ин ҳама баробари ғайриқонунию ғайриинсонӣ буданаш, пастию палидӣ наменамояд? Ман Бобоҷон Бобохонови рӯҳафтода, собиқ додситони кулли Тоҷикистон, ба истиллоҳ асосгузори муҳлатҳои тӯлонии маҳбускуниро ёд дорам, ки замони боздошти писараш, ҳатто ба хотир оварда натавонист, ки фарзандаш чандсола аст?
Дар идораи тақдири дигарон ҳама устоянд, аммо чун ба шахси онҳо мерасад, даррав ба ҳоли бехудӣ меғалтанд. Ин ҷо 28 соли зиндон талаб доранд! Барои чӣ?
Ба истиснои чанд нафари шубҳаовар дигар касе зидди Зайд Саидов шоҳидӣ надод. Зайд Саидов, ки табиатан маъюб асту аз маданияту маънавиёти баланд бархӯрдор аст, наметавонист одамонро гаравгон гираду аз озодӣ маҳрум созад. Наметавонист, шахси ба дараҷаи кофӣ доро, занонро мавриди таҷовуз қарор диҳад, махсусан ноболиғонро. Ин ҳама сафсата аст. Аз куҷо ин ҳама адоват нисбат ба атрофиён? Аз куҷо ин ҳама тарс аз рақибони эҳтимолии сиёсӣ? Аз куҷо?
Ба ҷиноятҳое, ки тамоми ҷумҳурӣ аз онҳо хабар дорад, аз ҷумла ба садама бо иштироки писари Амонулло Ҳукуматулло, ки се кушта барҷой гузошт, ба дуздии 850 миллион доллар, ки дар он ҳамаи далелҳои мушаххас нишон дода шудааст, ба таҷовузи духтараки 12-сола аз ҷониби шаҳрванди Чин, сохторҳои дахлдор чашм пӯшидаанд ва ба эҳтимоли зиёд барои ҳамеша. Аммо танҳо барои нияти таъсиси ҳизби сиёсӣ 28 соли зиндон бо мусодираи амвол талаб доранд.
28 сол, ки абадан давом хоҳад кард!
28 сол барои азхуд кардани моликияти шахси дигар!
28 сол дарс барои мухолифин, аз ҷумла мухолифини оянда!
28 сол барои задани мӯҳри хомӯшии абадӣ ба даҳони норизоён!
28 сол барои собиқ вазир, соҳибкори муваффақ, нафаре, ки шахсан аз дасти раисиҷумҳур барои саҳмаш дар рушди кишвар мукофотҳо гирифтааст, барои Саидов Зайд Шерович!
“Барои кумак ба дигарон ҳатмӣ нест, ки одам зӯру доро бошад, хайрхоҳ будан кифоя аст.” Бар хилофи айбдоркунандагони давлатӣ Зайд Саидовро ҳама чун шахси хайрхоҳ мешиносанд ва ёд доранд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)