Сафирони Русия дар шаҳри Тошканд гирди ҳам меоянд
Сафирони Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Узбакистон гирди ҳам меоянд.
Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Русия, ин иҷлоси сафирони рус 10 декабр таҳти раҳбарии Григория Карасина, муовини вазири умури хориҷии ин кишвар дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд. Дар иҷлоси мазкур сафирони Русия дар Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Русия мегӯяд, ҳадаф аз ин ҳамоиши сафирони кишвараш баррасии ҳолати минтақа дар раванди коҳишёбии иштироки низомии кишварҳои хориҷӣ дар Афғонистон, ҳамоҳангсозии роҳ ва усули иҷроиши қарорхои ҳукумат ва Вазорати умури хориҷии Русия аз 23 майи соли 2013 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Ин ниҳод илова менамояд, ки бахши асосии ин гирдиҳамоии сафирони рус ба муҳокимаи масоили таъмини кадрӣ ва техникии намояндагиҳои Русия дар минтақа бахшида хоҳад шуд.