Наздикони Иброҳимов: Ҳақталошӣ дар Тоҷикистон сарфи беҳудаи вақту нерӯ ҳаст
Наздикони Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”, ки ахиран ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, аз мубориза барои раҳоияш даст кашидаанд.
Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, баъди қарори додгоҳи касатсионӣ, ки ҳукми зерҳимояашро бетағйир гузошт, ният дошт шикояти назоратӣ нависад: “Аммо чанде аз хешовандони мулло омада, барои хидматҳояш изҳори миннатдорӣ кардаанд ва изҳор доштаанд, ки дигар барои раҳо кардани Иброҳимов талош намекунанд.”
Ба иттилои Мавлудҷон Салихов хешовандони Асадулло Иброҳимов гуфтаанд, “дар мақомотҳои судӣ ҳақиқат нест ва боварӣ ҳам надорем, ки ягон тағйироте шавад. Дигар шикоят нанависеду мо аз мубориза даст мекашем. Дар Тоҷикистон ҳақиқат нест. Мо бо чанд далел исбот кардем, аммо ягон далелҳо ба назар гирифта нашуд.”
Ин дар ҳолест, ки 27 уми ноябри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятӣ ё кассатсионии вакили мудофеи Асадулло Иброҳимов, маъруф ба “муллои ҷодугар”-ро, ки қаблан бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Сино ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуда буд, бетағйир боқӣ гузошт.
Аз ин пештар Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 24 октябри соли ҷорӣ Асадулло Иброҳимовро ба 7 соли зиндон маҳкум карда, ба пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноҳияи Сино, Асадулло Иброҳимовро аз ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти динӣ барои 5 сол маҳрум кард. Худи Асадулло дар толори додгоҳ гуфта буд, ба Зулола ягон хел фишор ё зӯрӣ накардааст ва бинобар ҳамин, худро гунаҳкор наҳисобида, аз ҳукми додгоҳ розӣ нест. Мавлудҷон Салихов дар тақвияти гуфтаҳои зерҳимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоҳӣ вақте ба Зулола Раҳимова суол дода шуд, ки “Шумо дар сабти навор дар вақти дуохонӣ ва ба оғӯш гирифтани домулло ягон ҳаракатҳои зӯроварӣ дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?” посух дод, ки “гумон кардам, дуохонӣ ва баровардани тарс ҳамин хел будааст.”
Парвандаи Иброҳимов аслан аз рӯи наворе таҳия шуд, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо Зулола Раҳимова амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ намоиш дода шуд ва дар як вақт ба шабакаи интернет ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)