Барканорӣ барои "боздошти беасос бо иттиҳоми таҷовуз"
Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, Мансур Холмуродов, маъмури пулис, барои он ки як шаҳрвандро бе асос ба иттиҳоми таҷовуз ба номус боздошт намудааст, аз кор озод карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25 феврали соли 2013 Мансур Холмуродов ба ҳайси ваколатдори калони оперативии шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Раёсати ВКД дар Душанбе шаҳрванд К.-ро бо гумони содир кардани ҷинояти таҷовуз ба номус дастгир ва ба шӯъба меорад. ВКД мегӯяд, аммо Холмуродов вобаста ба дастгир намудани шаҳрванд К., ҳуҷҷатҳои лозимиро тартиб намедиҳад, ки ин хилофи қонун буда, нисбаташ аз тарафи роҳбарияти Раёсати мазкур санҷиши хизматӣ таъин карда мешавад.
Ин ниҳод меафзояд, “дар ҷараёни санҷиши хидматӣ муайян гардид, ки Холмуродов интизоми паст дошта, дар фаъолият мунтазам ба камбудҳо роҳ медиҳад.”
ВКД таъкид мекунад, бинобар ин Мансур Холмуродов барои мунтазам вайрон намудани интизоми хидматӣ ва беасос, ғайриқонунӣ зиёда аз се соат нигоҳ доштани шаҳрванд К., дар таърихи 29 феврали соли равон аз кор дар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон озод карда шуд.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)