Таҷаммӯъ барои худоҳофизӣ бо аввалин президенти сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ
Гурӯҳи бузурги одамон дар назди манзили Нелсон Мандела, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ, ҷамъ омада, мехоҳанд бо ӯ худоҳофизӣ кунанд. То кунун Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал, Дэвид Камерон, нахуствазири Бритониё ва Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса низ ҳамдардии худро дар робита ба даргузашти Мандела баён доштаанд.
Нелсон Мандела, нахустин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ, рӯзи 5 декабр дар 95-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора “Ройтерз” аз қавли Ҷейкоба Зуму, раисиҷумҳури феълии Африқои Ҷанубӣ хабар дод. Манбаъ мегӯяд, ҷасади собиқ раисиҷумҳури Африқои Ҷанубӣ дар зодгоҳаш-деҳаи Куна ба хок супорида хоҳад шуд. Вале санаи баргузории маросими он ҳоло дақиқ нест ва ба навиштаи расонаҳои хабарӣ эҳтимол то як ҳафтаи дигар тӯл кашад.
Нелсон Мандела, яке аз муборизони ҳифзи ҳуқуқи мардуми сиёҳпӯст 26 соли умрашро дар маҳбас гузарондааст. Гуфта мешавад, ба маризии сил дар зиндон гирифтор шуд ва ҳамин беморӣ ӯро зиёд азият медод. Вай 18 июли соли 1918 таваллуд шуда, пас аз хатми коллеҷ бо истибдод дар Африқои Ҷанубӣ муборизаи шадидро оғоз кард.
Соли 1950 Мандела президенти лигаи ҷавонони Конгресси миллии Африқо таъин шуд. Соли 1964 аз сӯи ҷонибдорони истибдод боздошт ва барои 26 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Соли 1990 аз маҳбас раҳо гардида, соли 1994 дар интихоботи президентӣ пирӯз ва аввалин раисиҷумҳури сиёҳпӯсти Африқои Ҷанубӣ гардид. Соли 1999 Нелсон Мандела ба истеъфо рафт.
Барои талошҳояш барои сулҳ, баробарҳуқуқии сиёҳпӯстон дар кишвараш ва сайёра Нелсон Мандела бо бисёр ҷоизаҳо қадр шудааст, ки маъруфтаринаш ҷоизаи сулҳи Нобел мебошад. Вай узви фахрии беш аз 50 донишгоҳи ҷаҳон буд.