Либия Сарқонуни худро тибқи шариати исломӣ таҳия мекунад
Шӯрои миллии Либия ба қароре омадааст, ки Сарқонуни нави ин кишварро бар асоси шариати исломӣ таҳия кунад.
Расонаҳои хабарӣ аз қавли шӯрои мазкур иттилоъ дода, мегӯянд, дар ин бора баъд аз раъйгирии вакилони либӣ тасмим гирифта шудааст. Ин ниҳод гуфтааст, дар рӯзҳои наздик ба қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла кодекси ҷиноии ин кишвар тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад, то бо талаботи шариати исломӣ ҷавобгӯ бошад.
“Қавонини исломӣ яке аз манбаи аслии Сарқонуни Либия хоҳад буд, ки онро бояд тамоми муассисаву сохторҳои давлатӣ риоя кунанд”- омадааст дар изҳороти Шӯрои миллии Либия.