Эмомалӣ Раҳмон: Ҳар сол на камтар аз як миллион каламча омода кунед
Дар Истаравшан як корхонаи ҷадиди коркарди меваю сабзавот ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар расми ба кор оғоз намудани ин корхона президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуд.
Райисҷумҳур, ки дар идомаи боздидаш аз Суғд субҳи имрӯз ба шаҳри Истаравшан рафт, ба фаъолияти ҷамъияти саҳомии пўшидаи Оби Зулол оғоз бахшид. Зикр шуд, ки хатти нави технологии корхонаи Оби Зулол, имкон дорад дар як мавсим 25 ҳазор тонна меваю сабзавотро коркард намуда, аз он афшураҳои хушлаззат истеҳсол намояд. Дар ин коргоҳ тамоми намудҳои меваю сабзавот ва тарбўзу харбўза коркард мешавад.
Президенти кишвар таъкид намуд, ки аз ин ва дигар корхонаҳои саноатии коркарди меваю сабзавот ба хориҷи кишвар танҳо маҳсулоти тайёри ниҳоӣ содир карда шавад. Райисҷумҳур ҳамчунин аснои боздид аз шаҳри Истаравшан ба хоҷагиҳои деҳқонии Пошкенти ҷамоати деҳоти Пошкент рафт. Зикр гардид, аз 454 га замини хоҷагӣ 168 гектараш обӣ буда, аҳли заҳмат, ки шумораашон 598 нафар аст, асосан бо боғутокпарварӣ, парвариши картошка, сабзавоту полезӣ ва чорводорӣ машғуланд. Дар хоҷагии деҳқонии Вогат вошад, райисҷумҳур ба фаъолияти токпарварон аз наздик шинос шуд.
Аҳли хоҷагӣ дар 200 га замин токзор бунёд намудаанд, ки дар он ангўри навъҳои кишмиши сиёҳ ва сафед, тоифӣ, ҳусайнӣ, чилрўза, тагобӣ ва калондона парвариш меёбад.
Дар майдончаҳои махсуси мавизхушкунии хоҷагӣ ду тарзи хушксозии мавиз бе истифода аз моддаҳои кимиёӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи иттилои роҳбарияти хоҷагӣ, имсол аз ин ҷо 350 ҳазор бех қаламчаи ангўр ба фурўш бароварда шудааст. Эмомалӣ Раҳмон маслиҳат дод, ки ҳар сол на кам аз 1 миллион қаламча омода созанд, зеро дар бозор талабот ба он зиёд аст.
Дар маркази шаҳри Истаравшан бо иштироки президент маҷмааи иншооти варзишии «Далерон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин маҷмаа аз ҷониби ширкати хусусии Дурдона дар майдони 2 га бунёд ёфтааст.
Гуфта шуд, ин маҷмаа дар заминаи як бинои вайрону валангор, ки аз солҳои 90- уми асри гузашта аз истифода бозмонда буд, бунёд ёфта аст. Маҷмааи варзишӣ дар маҷмўъ дорои шароити хуби тамрин ва гузаронидани зиёда аз 20 намуди мусобиқаҳои варзишӣ хоҳад шуд.{jathumbnail off}