Баъд аз узрхоҳии Ҳукумов Саидов аз даъвояш гузаштааст
Баъд аз он ки намояндаи Амонулло Ҳукуматулло (Ҳукумов), раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон, ба манзили Аҳлиддин Саидов -- падари Аловуддин, ки дар садамаи шаби 9 октябр дар маркази Душанбе ҷон бохт, рафтаву узрхоҳӣ кард, ӯ ҳам аз даъвояш гузаштааст. Ин садама, ки се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошт, бо иштироки БМВ-и Расули 16-сола, писари Амонулло Ҳукуматулло, рух дода, ҳоло дар он Умар Шарифови 22-сола айбдор мешавад.
Аҳлиддин Саидов рӯзи 5 декабр дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ба хулосае омадааст, ки дар сурати муроҷиаташ ба додгоҳ низ посухи мусбат нахоҳад гирифт. “Зеро қонунҳои Тоҷикистон танҳо барои камбизоатон буда, барои бойҳо қонун вуҷуд надорад. Вақте онҳо баъд аз ду моҳи ҳодиса барои ҳамдардӣ омаданд, гуфтам, намешуд, дар ҳамон рӯзи аввал меомадеду моро ин қадар ҷигархун намекрадед. Гуфтам, мо такя бар Худо мекунем, дигар аз дастамон чӣ меояд”,-афзуд ӯ.
Мусоҳиби мо илова кард, аз Вазорати умури дохилӣ ҳам, ки бояд ӯро дар мавриди садамаи маргбори шаби 9 октябр пурсуҷӯ мекарданд, суроғ нанамудаанд. Аҳлиддин Саидов дар мавриди 120 сомонӣ ҷарима шудани А. Мӯсоева, ҳамсари оқои Ҳукуматулло ва модари Расул, аз сӯи додгоҳ изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, “агар як камбағал садамае мекард, ба камаш 500 доллар ҷарима мебастанд. Дидед, нисбати онҳо чӣ кор карданд?”
Ин дар ҳолест, ки Аҳлиддин Саидов қаблан иброз намуда буд, қасд дорад, аз болои Амонулло Ҳукуматулло ба додгоҳ шикоят барад. Ӯ дар як сӯҳбати видеоӣ ба “Озодагон” гуфта буд, аз мақомот мехоҳад, оқои Ҳукуматуллоро барои “тарбияи нодурусти фарзанди ноболиғаш” ба ҷавобгарӣ кашанд. Пештар аз ин, Саид Мансуров, раҳбари чойхонаи “Роҳат”, гуфта буд, ки қасд надорад барои марги писари 26-солааш дар садамаи шаби 9 октябр аз болои Расули Амонулло ба додгоҳ шикоят бубарад.Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)