Кабирӣ, Шарифов & Ватанов дар бораи талаби 28 соли зиндон ба Зайд Саидов
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар пайи дархости 28 соли зиндон ба Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, гуфт, ҳар қароре, ки додгоҳ содир мекунад, сиёсӣ хоҳад буд. Зеро ба гуфтаи ӯ, “қазияи Зайд Саидов аз аввал қазияи оддӣ ва сирф ҳуқуқӣ набуда, ҷанбаи сиёсияш қавитар мебошад.”
Ба бовари Кабирӣ, “чун танҳо пас аз эълони фаъолияти сиёсиаш нисбати ӯ парванда боз карданд ва аз аввал адолат нисбати ӯ риоя нашуд. Дар аввал ӯро ба ҳабс гирифтанд, баъд қарори маҷлиси вакилони халқи Душанбе барои бекор кардани ваколати ӯ қабул шуд. Ҳол он ки ҳангоми содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ чунин рафтори мақомотро қонунгузорӣ пешбинӣ намекунад. Дар марҳалаи ниҳоии баррасии парванда ҳам, эҳтимоли риояи адолат хеле кам аст.”
Аз тарафи дигар, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, масъалаи Зайд барои ҳукумат ва ҷомеа як навъ имтиҳон мебошад. “Ҳукумат бо муносибати худ ба Зайд Саидов ба ҷомеа паём мефиристад, ки оянда ба кадом самт кишварро бурданист. Агар ҳукми сангин содир намоянд, маънии онро дорад, ки ҳамагуна ташаббуси сиёсӣ, иқтисодӣ ва шаҳрвандӣ кардан, фикри мустақил доштан дар оянда низ ҷазои сахт хоҳад дошт. Оё ҷомеа ин паёмро мепазирад ва ҳазм мекунад ё вокуниш нишон хоҳад дод, вақт нишон медиҳад. Вале, агар Зайдро озод намоянд ё ҷазои рамзие муайян шавад, сигнали мусбате мешавад, ки дар ин ҳафтсолаи оянда тағйироти мусбате кишварро дар самтҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ интизор мебошад”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Сӯҳроб Шарифов, вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, мегӯяд, бовар дорад, қазияи Зайд Саидов дар чаҳорчӯбаи қонунҳои кишвар ҳалли худро меёбад. Вай дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “он ҳама фикру андеша ва баҳсу эҳсосе, ки дар расонаҳо ҳаст, танҳо таъсири манфӣ мерасонад. Албатта, таъсири манфӣ ба рафти баррасии қазия не, балки ба имиҷ ва оила. Дар парвандаи ҷиноӣ танҳо ҷанбаи қонун ва ҳуқуқ ба назар гирифта мешавад, на фикру андешаи хабарнигорон ва ё коршиносон.”
Оқои Шарифов дар идома дар бораи кори вакилони мудофеи Зайд Саидов ҳам изҳори назар кард ва гуфт, “онҳо мехоҳанд, аз ин ҳисоб барои худ холи мусбат ба даст биёранд. Ин ҳам яке аз бозиҳои вакилон аст, ки дар тамоми ҷаҳон вуҷуд дорад. Вақте додгоҳ қарори худро мебарорад, пас, метавонем бигӯем, ки он чӣ гуна анҷом ёфт.”
Шарифов таъкид намуд, ки ба қазияи Зайд обуранги сиёсӣ дода нашавад. Ба гуфтаи ӯ имрӯз иттиҳомҳои эълоншуда алайҳи Зайд Саидов як тараф монда, ҳама иддао доранд, ки парвандаҳо ангезаи сиёсӣ доранд: "Ҳоло касе сари пора гирифтан ё нагирифтани Зайд Саидов чизе намегӯяд. Фақат далел меоранд, ки гӯиё дар ҳукумат ҳама пора мегиранд. Аммо ин дигар бар зиммаи Оҷонсии зидди фасод аст. Он корҳои шахсии Зайд Саидов ва дигаронро, ман он қадар таваҷҷӯҳ намедиҳам, намедонам кӣ дар ин маврид рост мегӯяд. Инро танҳо бояд ташхис муайян кунад ва додгоҳ онро қонунӣ ҳисоб кунад.”
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумони Тоҷикистон дар шарҳи талаби 28 соли зиндон барои Зайд Саидов гуфт, “ман ҳунари пешбинӣ ва ё фолбинӣ надорам. Он, ки имрӯз айбдоркунандаҳои давлатӣ 28 сол талаб мекунанд, ин ҳоло ниҳояти кор нест. Дар робита ба он иттиҳомоте, ки Оҷонсии зидди фасод расман эълон мекард, ҳаминро метавон гуфт, ки он ҳам метавонад дақиқ набошад ва дар додгоҳ рад шавад. Таҷрибаи додгоҳӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна як мақомот бо далелҳое як нафарро ба додгоҳ мекашад, аммо дар натиҷа додгоҳ тамоми фактҳоро рад карда, судшавандаро сафед мебарорад. Аз ин хотир дар робита ба қазияи мазкур ман танҳо ба қарори додгоҳ бовар мекунам. Ин ҳама сару садое, ки дар расонаҳои хабарӣ пахш гардид, ин ҳама мунсифона буда наметавонад. Ҳар хабарнигор қазияро аз дидгоҳи худ менависад.”