Набераи президент раҳбари "Транстелеком" шуд
Раёсати ширкати миллии "Қазақстан темір жолы" Нуралӣ Алиев, набераи Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистонро президенти ширкати саҳҳомии "Транстелеком" таъин кардааст. Дар ин бора торнамои ширкат хабар додааст.
Нуралӣ Алиев, ки 28 сол дорад, писари калони Дарига Назарбоева ва Роҳат Алиев аст, ки аз декабри соли 2008 ба ин сӯ дар симмати муовини раҳбари “Бонки рушди Қазоқистон” кор кардааст.
Маҷаллаи Forbes дороии Нуралӣ Алиевро 200 миллион доллар баровард карда, ӯро аз сарватмандтарин одамони Қазоқистон ном бурд.
“Транстелеком” як ширкати марбут ба “Қазақстан темір жолы” буда, ба хизматрасони тамоми қитъаҳои роҳи оҳани Қазоқистон машғул аст. Хизматрасонии ин ширкат аз таъмини алоқа, интернет, ҳамчунин иртиботи телефонӣ ба самтҳои байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ иборат мебошад.