156 варзишгар аз Раҳмон ҳалли мусбати қазияи Зайдро хостанд
156 узви Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон (ФТТ) бо ирсоли як муроҷиатнома аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар хостаанд, дар марҳилаи ниҳоии баррасии парвандаи Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, ки ҳамзамон раиси ФТТ мебошад, дахолат кунад.
Теннисбозон дар муроҷиаташон ба Эмомалӣ Раҳмон, нахуст ӯро ба пирӯзии дигарборааш дар интихобот табрик гуфта, бо зикри ҷонибдории хеш аз сиёсати ӯ хостори ҳалли мусбати қазияи Зайд Саидов шудаанд. Онҳо навиштаанд, Зайд Саидов нафаре буд, ки ба хотири иштирокашон дар мусобиқоти дохилию хориҷӣ ҳамаҷониба кӯмак карда, барои ҳимояти шарафи Тоҷикистон ҳеч чизро дареғ намедошт.
Варзишгарони тоҷик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон хотирасон кардаанд, ки Зайд Саидов яке аз талқинкунандагони сиёсати ӯ дар соҳаи варзиш ба шумор мерафт. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки тӯли беш аз ним сол мешавад, аз кумаку дастгириҳои як фарди хайрхоҳи миллат маҳрум мондаанд. Дар ин нома, варзишгарон Эмомалӣ Раҳмонро кафили амну субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва расидан ба сатҳу сифати як зиндагии шоиста арзёбӣ карда, афзудаанд, ки дар мавриди Зайд онҳоро ноумед нахоҳад кард: “Ҳарчанд медонем, ин кори тафтишот ва мақомоти қудратии марбута мебошад. Вале бо такя ба амалҳои ҷавонмардона ва дили нарму бузурги Шумо эътимоди кул дорем, ки моро ноумед нахоҳед кард.”
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад. Мурофиаи додгоҳии ӯ нимаи моҳи сентябр паси дарҳои баста оғоз гардида, айни ҳол ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст. Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи панҷшанбеи 5 декабр шунида шуда, ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 декабр баён хоҳад кард.