"Беназоратӣ боиси сӯхтори бинои ҳукумати Роштқалъа шуд"
Хадамоти сӯхторхомӯшкунии вилояти Бадахшон мегӯяд, тибқи иттилои пешакӣ сабаби сӯхта хокистар шудани бинои ҳукумати ноҳияи Роштқалъа ин беназорат мондани таҷҳизоти барқӣ мебошад.
Анвар Шолангаров, сардори Хадамоти оташнишонӣ дар вилояти Бадахшон, ки айни ҳол дар ҷои ҳодиса қарор дорад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “тибқи иттилои пешакӣ сабаби сӯхтор беназорат мондани таҷҳизоти барқӣ мебошад, ки боиси расиши кӯтоҳ шудааст. Чун бино аз масолеҳи зуд сухташаванда бунёд ёфта буд, оташ хеле тез тамоми биноро фаро гирифтааст. Сабаби дигар дар он аст, ки худи ноҳияи Роштқалъа хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ надорад, оташнишонҳо аз худи Хоруғ омаданд. Барои то ҷои ҳодиса омадан ҳудуди 2 соат вақт лозим аст. Ин ҳама боиси сӯхтори пурраи бино шуд.”
Ин дар ҳолест, ки яке аз ду мошини сӯхторхомӯшкунӣ, ки аз Хоруғ ба ноҳияи Роштқалъа раҳсипор шуда буданд, ба садама дучор гардид ва дар натиҷа ду оташнишон, Амруд Дустназарови 28-сола, сокини ҷамоати Поршнев ва сокини 34-солаи Хоруғ, Шероз Раҷабмамадов ҷон бохта, ду оташнишони дигар маҷруҳ шудаанд. Худи сӯхтор соати 2:30-и 4-уми декабр сар задааст. Айни ҳол ҳисоби хисороти он идома дорад.