Аз 5 то 10 сомонӣ барои тамошои телевизионҳои Тоҷикистон
Дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон барои пардохти қарзи намояндагии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар назди ширкати “Помир-энержӣ”, аз сокинон маблағ ҷамъоварӣ мекунанд.
Як манбаъ ба “Озодагон” гуфт, ҳар шабака аз “Помир-энержӣ” ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби пули барқ қарздор буда, маъракаи ҷамъоварии маблағ баъд аз боло рафтани ҳаҷми қарзи намояндагии шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон оғоз шудааст.
Ба қавли манбаъ, ки нахост номаш бурда шавад, барои пардохти қарзи намояндагии телевизионҳои давлатӣ аз сокинони ин минтақа аз 5 то 10 сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд. Вай афзуд, ҳоло намоиши барномаи шабакаҳои телевизиони давлатии Тоҷикистон дар ин минтақа қатъ шудааст.