Ҳушдори “Сангтӯда-1” аз шиддати буҳрони барқ ва бекорӣ
Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки 75 дарсади саҳмияҳояш моли Русия буда, 15 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад, аз қатъи фаъолияташ ҳушдор медиҳад. Ба гуфтаи масъулони ин нерӯгоҳ, боис ба шиддат ёфтани буҳрони барқ ва бекор мондани коргаронаш дар Тоҷикистон хоҳад шуд.
Масъулини “Сангтӯда-1” бо пахши як иттилоия мегӯянд, Кумитаи андози Тоҷикистон 29 ноябр суратҳисобҳои бонкии нерӯгоҳро ҳабс карда, 4 декабр аз ин суратҳисобҳо 52 миллион сомонӣ қарзи андозро ба фоидаи давлат рӯёндааст. Мутасаддиёни нерӯгоҳ мегӯянд, сабаби асосии қарздорияшон дар он аст, ширкати “Барқи тоҷик”, ки харидори инҳисорӣ аст, ҳаққи барқи аз ин нерӯгоҳ гирифтаро саривақт пардохт намекунад. Ба иттилои нерӯгоҳ, ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик” ба ҳолати 1 декабри соли равон 404 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мақомоти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” мегӯянд, борҳо ба сохторҳои дахлдори Тоҷикистон муроҷиат намудаанд ва аз ҷумла пешниҳод кардаанд, қарзи андози нерӯгоҳ аз ҳисоби қарзи “Барқи тоҷик” лағв гардад, ки то ҳол қабул нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи онҳо, захираҳои мавҷудаашон танҳо барои як ҳафтаи кори нерӯгоҳ мерасад ва пас аз ин маҷбуранд, фаъолияти нерӯгоҳро қатъ кунанд. Ба иттилои манбаъ, қатъи кори нерӯгоҳ метавонад то 5-6 моҳ давом кунад.
Павел Лавров, мудири кулли “Сангтуда 1”, таъкид мекунад, ки қатъи кори нерӯгоҳ буҳрони барқро дар Тоҷикистон шиддат дода, боис ба бекор мондани коргарони нерӯгоҳ мегардад, ки 95 дарсадашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.