Парлумон бо хоҳиши Раҳмон боз ду ширкатро аз андоз озод кард
Парлумони Тоҷикистон рӯзи 5 декабр бо ворид кардани тағйирот ба Кодекси андози кишвар ширкати тоҷикистонии “Мурғи ҳилол” ва ширкати фаронсавии Нутристарро барои 12 сол аз пардохти боҷу андоз, зимни воридоти таҷҳизот барои мурғпарварӣ, озод намуд.
Руҳуллоҳ Ҳакимов, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ дар назди намояндагони мардум, гуфт, он бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, амалӣ мешавад. Муовини вазири молия бо зикри истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар ин корхонаҳо таъкид намуд, дар маҷмуъ ин ду ширкат давоми 12 сол аз пардохти на камтар аз 16 миллион доллар боҷу андоз озод мегарданд. Ба иттилои Ҳакимов, дар ин корхонаҳо ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо кор таъмин гардида, аз 750 то 1 ҳазор 500 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.
Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, дар баромади худ аз пешниҳоди сабукӣ ба ин корхонаҳо пуштибонӣ карда, таъкид намуд, ба манфиати амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебошад. Ӯ гуфт, пойбандии Тоҷикистон аз хориҷа зарар дорад, чун вақте муносибатҳо бад мешаванд, кишварҳои хориҷӣ бо сӯиистифода аз пойбандии Тоҷикистон ба ҳукумату давлат фишор меоранд.