Номаи Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, ноиби аввали Рӯҳонӣ, ба Қоҳир Расулзода
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон, бо ирсоли як нома сарвазири тозатаъйини Тоҷикистонро барои ба ин симат интихоб шуданаш табрик кардааст.
Ҷаҳонгирӣ дар ин номаи табрикотии худ изҳори умедворӣ кардааст, ки дар муддати фаъолияти Қоҳир Расулзода ба ҳайси сарвазири Тоҷикистон, муносибатҳои Теҳрону Душанбе рушд хоҳад кард. Инчунин, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон барои густариш ва рушди сареи ҳамкориҳои Тоҷикистону кишвараш мушовара ва гуфтушунидҳои зиёди дуҷонибаро хостор шудааст.
Қоҳир Расулзода бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 23 ноябр, Оқил Оқилови 69-соларо,ки 14 сол боз сарвазир буд, иваз кард. Лозим ба ёдоварист, фармони мазкури президент ҳанӯз аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон ба тасвиб нарасидааст. Оқои Расулзода то замони омаданаш ба курсии нахуствазирӣ раёсати вилояти Суғдро бар ӯҳда дошт.