Мушовири Э.Раҳмон: “Додгоҳ аз рӯи адолат ба қазияи З.Саидов баҳо хоҳад дод”
Ҷумъахон Давлатов, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ ва намояндаи ӯ дар парлумон, дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, бовар дорад, додгоҳ ба қазияи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи Тоҷикистони нав, аз рӯи адолат баҳо хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки баррасии парвандаҳои Зайд Саидов ба марҳилаи ниҳоӣ расида, рӯзи 5 декабр намояндаи додситонӣ хулосаи худро эълон мекунад.
Оқои Давлатов мегӯяд, ҳарчанд қазияи Зайд Саидовро амиқ пайгирӣ накардааст, аммо бовар дорад, додгоҳ мунсифона ҳукми худро баён хоҳад дошт. “Тамоми ҷиноятҳое, ки нисбат ба ӯ эълон кардаанд, ҷиноятҳои иқтисодист. Бовар надорам, ки ғайриодилона баррасӣ шавад. Ин аз рӯи тамоми меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Тоҷикистон ҳалли худро меёбад”,-афзуд ӯ.
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт шуда, дар фасодкорӣ, қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад. Мурофиаи додгоҳии ӯ нимаи моҳи сентябр паси дарҳои баста оғоз гардида, айни ҳол ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.
Баромади ниҳоии айбдоркунандаи давлатӣ рӯзи панҷшанбеи 5 декабр шунида шуда, ҷониби ҳимоя охирин суханашро рӯзи ҷумъаи 6 декабр баён хоҳад кард.