АКС: Шиддати барфрезии аввал дар Душанбе
Барфи аввал дар мавсими сармои соли 2013-14 дар шаҳри Душанбе рӯзи 5 декабр борида, бо шиддат идома дорад.
Бар асоси иттилои пешакии Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон то 9 декабр дар аксари навоҳии Тоҷикистон боришот дар назар аст. Ба қавли манбаъ, дар навоҳии тобеи марказ танҳо рӯзи 6 декабр ҳавои абрноки бебориш дар назар будааст.
Дар Хатлон низ ба истиснои 7 декабр, ки ҳавои абрноки бебориш хоҳад буд, рӯзҳои дигар то 9 боришот дар назар аст. Чунин вазъи боду ҳаво дар вилояти Суғд низ пешбинӣ мешавад. Дар Бадахшон боришот аз 6 декабр оғоз шуда, то 9-ум идома мекунад. Дар маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, пешгӯии нисбатан дақиқ ва мушаххаси боду ҳаво дар навоҳии ҷумҳурӣ баъд аз зуҳри 5 декабр омода хоҳад шуд.
Барфи аввал дар ҳолест, ки қаблан обу ҳавошиносон дар Тоҷикистон пешгӯӣ намуданд, ки зимистони имсола нисбатан хунук хоҳад омад. Таҳлилгарон мегӯянд, бо боришоти барф имкони бардоштани ҷароҳатҳо зиёд шуда, бархе аз бемориҳои сироятӣ низ афзоиш меёбанд. Дар робита ба хоҷагидорӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дастур додаанд, ки сохторҳои масъул ба фасли сармо омодагии ҷиддӣ бинанд. Аммо тавре таҷрибаи солҳои гузашта нишон медиҳад, барфрезӣ пайваста дар Тоҷикистон мушкилоти зиёди марбут ба барқ, нақлиёт об ва ғайраро ба бор меорад.